<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>B</key>
<lyrics>[V1]
.H                Fis
 Чу сармасти Масеҳам ман,
.H             Fis
  Зи дарди сар чӣ андешам?
.H            Fis
  Чу оҳуи Масеҳам ман,
.    H            Fis              H
 //   Зи шери нар чаро тарсам  //  ман?
.                Fis
 Чу Ӯ бошад Наҷоткорам,
.H              Fis
  Зи қайду банд чаро тарсам?
.H                Fis
  Чу шӯру шавқи Ӯ дорам,
.    H            Fis              H
 //   Зи шӯру шар чаро тарсам  //  ман?
.Fis
  Ту Исои Худовандӣ, Худовандӣ, Худовандӣ.
.H
  Чу Мусо Туро дидам,
 //  Зи фиръавнҳо чаро тарсам  //  ман?

[V2]
 Хушовозии Ӯ дидам,
 Навосозии Ӯ дидам.
 Шифои ҷисми Ӯ дидам,
 //  Зи беморӣ чаро тарсам  //  ман?
 Чу мадду ҷазри худ дидам,
 Чу болу пари худ дидам,
 Чу карру фарри Ӯ дидам,
 //  Зи кӯру кар чаро тарсам  //  ман?
 Ту Исои Худовандӣ, Худовандӣ, Худовандӣ.
 Чу Мусо Туро дидам,
 //  Зи фиръавнҳо чаро тарсам  //  ман?

[V3]
 Зи Рӯҳаш пур шуда зарфам,
 Ба мискинӣ чӣ андешам?
 Ҳазорон гавҳарам бахшад,
 //  Зи бегавҳар чаро тарсам  //  ман?
 Чу Ӯ бо ман чунин гарм аст,
 Зимистонро чӣ андешам?
 Чу бар боми фалак ҷастам,
 //  Зи хору хас чаро тарсам  //  ман?
 Ту Исои Худовандӣ, Худовандӣ, Худовандӣ.
 Чу Мусо Туро дидам,
 //  Зи фиръавнҳо чаро тарсам  //  ман?</lyrics>
<title>Чу сармасти Масеҳам ман Хд48</title>
<hymn_number>48</hymn_number>
</song>